БМТ: Тайи ҳафта қурби доллар каме боло рафт

Давоми ҳафта дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА каме боло рафта, ба ҳисоби миёна то ба 5,4490-5,4680 сомонӣ барои 1 доллари ИМА расид. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ин давра, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро нисбатан поин рафта, ба 0,1004-0,1015 сомонӣ барои 1 рубли русӣ ва 6,5800-6,6050 […]

Пайрав Чоршанбиев



Давоми ҳафта дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА каме боло рафта, ба ҳисоби миёна то ба 5,4490-5,4680 сомонӣ барои 1 доллари ИМА расид.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ин давра, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро нисбатан поин рафта, ба 0,1004-0,1015 сомонӣ барои 1 рубли русӣ ва 6,5800-6,6050 сомонӣ барои 1 евро баробар шудааст.

Ба иттилои манбаъ, 11 декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе – 5,4740-5,4950 сомонӣ, ш. Хуҷанд – 5,4800-5,5000 сомонӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа – 5,4500-5,470 сомониро ташкил додааст. 

Қаблан дар Бонки миллии ҷумҳурӣ итминон дода буданд, ки устувории қурб ва муътадилии фаъолияти бозори асъорро таъмин мекунанд.

Зикр гардида буд, ки дар аксари бозорҳои молии ҷаҳон айни замон калавиши беҳад зиёди қурби асъори хориҷӣ ба мушоҳида мерасад.

«Айни замон чунин тамоил дар аксари кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷой дорад, – гуфт зимни суханронӣ дар маросими муаррифии Гузориши минтақавии иқтисодии Хазинаи байнулмилалии асъор дар Душанбе раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов. – Нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон, асъори миллиии бисёре аз кишварҳо бештар беқурб шуданд».

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон қурби арзи миллӣ – сомонӣ нисбати доллари ИМА тақрибан ба андозаи 9% коҳиш ёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.