Рутбаҳои ҳарбӣ ба чанде аз раисони шаҳри навоҳии Суғд

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имрӯз дар Хуҷанд натиҷаҳои ҷамъомади ҳарбӣ-методиро, ки аз 9 то 11-уми декабр дар вилояти Суғд бо иштироки раисони шаҳру навоҳии вилоят доир гардиданд, ҷамъбаст намуд. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки вазир натиҷаҳои ҷамъомадро «хуб» арзёбӣ намуда, аксари иштирокчиёни онро […]

Аваз Юлдошев



Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имрӯз дар Хуҷанд натиҷаҳои ҷамъомади ҳарбӣ-методиро, ки аз 9 то 11-уми декабр дар вилояти Суғд бо иштироки раисони шаҳру навоҳии вилоят доир гардиданд, ҷамъбаст намуд.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки вазир натиҷаҳои ҷамъомадро «хуб» арзёбӣ намуда, аксари иштирокчиёни онро бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонид. «Бо фармони вазири мудофиа ба чанде аз раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар ҷамъомади мазкур иштирок доштанду афсарони эҳтиётӣ мебошанд, рутбаҳои нави афсарӣ дода шуд», – иброз дошт Ф.Маҳмадалиев.

Ӯ хотиррасон намуд, ки ҷамъомади ҳарбии мазкур таҳти фармондеҳии муовини аввали вазири мудофиа, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ геерал-майор Зариф Шарифзода доир гардида, дар ҷараёни он масъалаҳои ташкили мудофиаи минтақавӣ, сафарбарии аҳолӣ ва техника дар ҳолатҳои фавқулода мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

«Дар ҷамъомад раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин малакаҳои тирпарронӣ, тарҳрезии мудофиаи минтақавӣ ва дигар қобилиятҳояшонро беҳтар карданд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.