Кордзании падар ба духтари 13-солааш барои дер ба хона баргаштан

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон сокини шаҳри Кӯлобро ба аз зарбаҳои корд захмӣ кардани духтари ноболиғи худаш гунаҳкор медонанд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни баргузории чорабиниҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки сокини 47-солаи қаблан барои қаллобӣ маҳкумшудаи Кӯлоб Б.Ш. нахуст духтари 13-солаашро мавриди лату кӯб қарор дода, сипас бо ду зарбаи корд ӯро […]

ASIA-Plus



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон сокини шаҳри Кӯлобро ба аз зарбаҳои корд захмӣ кардани духтари ноболиғи худаш гунаҳкор медонанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни баргузории чорабиниҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки сокини 47-солаи қаблан барои қаллобӣ маҳкумшудаи Кӯлоб Б.Ш. нахуст духтари 13-солаашро мавриди лату кӯб қарор дода, сипас бо ду зарбаи корд ӯро захмӣ кардааст, ки дар натиҷа духтари ноболиғ дар ҳолати вазнин ба бемористон оварда шудааст.

Гуфта мешавад, чунин рафтори бераҳмонаи падар бинобар сабаби ба хона дер баргаштани духтараш сурат гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.