Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон сокини шаҳри Кӯлобро ба аз зарбаҳои корд захмӣ кардани духтари ноболиғи худаш гунаҳкор медонанд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни баргузории чорабиниҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки сокини 47-солаи қаблан барои қаллобӣ маҳкумшудаи Кӯлоб Б.Ш. нахуст духтари 13-солаашро мавриди лату кӯб қарор дода, сипас бо ду зарбаи корд ӯро захмӣ кардааст, ки дар натиҷа духтари ноболиғ дар ҳолати вазнин ба бемористон оварда шудааст.
Гуфта мешавад, чунин рафтори бераҳмонаи падар бинобар сабаби ба хона дер баргаштани духтараш сурат гирифтааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.







