Баррасии усулҳои арзёбии камбизоатӣ ва муассисаҳои дахлдор дар Тоҷикистон



Таҷрибаҳои  беҳтарини  байналмилалӣ  ва  равишҳои  милии арзёбии  камбизоатӣ  дар  меҳвари  диққати  конфронси  байналмилалӣ дар  Душанбе қарор доштанд.

Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ хабар доданд, конфронси мазкур аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  дар  ҳамкорӣ  бо  Агентии  омори  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон (Агентии  омор),  Маркази  тадқиқоти  стратегии назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Бонки ҷаҳонӣ  ба  ҳайси  аъзоёни  Шӯрои  арзёбии  камбизоатӣ  ва  синфи  миёна  ташкил  гардид.  Муовини аввали  Сарвазир  Давлаталӣ  Саид  ва  Мудири  Бонки  ҷаҳонӣ  оид  ба  таҷрибаи  камбизоатӣ  дар Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ Каролина Санчез-Парамо чорабиниро ифтитоҳ намуданд, ки дар  он  намояндагони  ҳукумат,  ташкилотҳои  донор,  ВАО  ва  созмонҳои  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  низ ширкат варзиданд.

Ҳадафи  гузаронидани  конфронс  аз  рӯнамои  усулҳои  арзёбии  камбизоатии  глобалӣ  ва маҳдудиятҳо, муқоиса намудани арзёбии камбизоатӣ дар сатҳи миллӣ ва муассисаҳо бо таҷрибаи байналмилалӣ ва муҳокима  намудани  Методологияи миллии арзёбии камбизоатӣ дар Тоҷикистон, иборат  буд.  Методологияи  пешниҳодшудаи  миллии  арзёбии  камбизоатӣ  дар  Тадқиқоти  буҷети хонавода (ТБХ) асос ёфта аввалин методологияест, ки ба кишвар тааллуқ дорад.

Солҳои пеш, яъне аз  1999  то  2009,  сатҳи камбизоатиро дар Тоҷикистон бо истифода аз Тадқиқотҳои сатҳи зиндагӣ дар  Тоҷикистон  (ТСЗТ)  муайян  мекарданд.  Аммо  ин  ду  воситаи  арзёбӣ,  яъне  ТБХ  ва  ТСЗТ  аз тарҳҳои мухталифи тадқиқот истифода мебаранд, аз ин рӯ маълумоти ба даст омадаро наметавон муқоиса  намуд.  Равиши мазкур дар таҷрибаи беҳтарини байналмилалии арзёбии камбизоатӣ асос ёфта  ба  Ҳукумати  Тоҷикистон  дар  мунтазам  ҷамъоварӣ  намудани  маълумоти  фарогир  ва боэътимод  дар  бораи  хонаводаҳо  ва  пешниҳоди  маълумот  оиди  тамоилҳои  камбизоатӣ  ва нишондиҳандаҳо дар Тоҷикистон кӯмак мерасонад.

“Мо аз талошҳои Тоҷикистон дар қабули методологияи миллии арзёбии камбизоатӣ, ки маҳсули меҳнати  чандинсолаи  ҳукумат,  коршиносони  миллӣ,  марказҳои  таҳлилӣ  ва  дигар  тарафҳои манфиатдор  дар  ҳамкорӣ  бо  Бонки  ҷаҳонӣ  маҳсуб  меёбад,  хеле  хурсандем”  мегӯяд  Мудири Бонки  ҷаҳонӣ  оид  ба  таҷрибаи  камбизоатӣ  дар  Аврупо  ва  минтақаи  Осиёи  Марказӣ Каролина  Санчез-Парамо.  Методологияи  мазкур  ба  давлат  имкон  медиҳад,  ки  маълумоти сатҳи  миллӣ  оид  ба  камбизоатӣ  ва  некӯаҳволии  мардум  мунтазам  таҷдид  гардад,  тамоилҳо пайгирӣ шаванд ва қарорҳои муҳим оид ба сиёсат ба инобат гирифта шаванд.”

Коршиносони  байналмилалӣ  аз  Колумбия  ва  Гурҷистон  иштирокчиёни  конфронсро  бо  таҷрибаи худ  оиди  он  ки  чӣ  тавр  кишварҳо  дар  барпо  намудани  механизмҳои  беҳтари  институтсионалии арзёбии  камбизоатӣ  ва  қабули  методологияҳои такмилёфтаи  арзёбии  камбизоатии  кишвар муваффақ шудаанд шинос намуданд ва он  воситаҳо имкон  доданд,  ки маълумоти  алоқаманд бо камбизоатӣ мунтазам ҷамъ оварда шуда нашр гардад.

Айни  замон  Бонки  ҷаҳонӣ  бо  Тоҷикистон  дар  самти  таҳкими  тавонмандии  ҷамъоварӣ  намудани маълумоти баландсифат ва алоқаманд бо сиёсат  тавассути гузаронидани тадқиқотҳои хонаводаҳо дар мавзӯи гуногун, таҳлили маълумот ва истифодаи он дар ташаккулдиҳии сиёсат ҳамкорӣ бурда истодааст.  Тавассути  дастгирии  Фонди мақсадноки  DFID,  Бонки ҷаҳонӣ талошҳои Ҳукуматро дар таъсис  додани  Шӯрои  машваратии  байнидавлатӣ  оид  ба  камбизоатӣ  ва  синфи  миёна  назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо дастгирӣ намуд.  Шӯро ташкилотҳои калидии давлатиро ба ҳам мепайвандад  ва  дар  масоили  алоқаманд  бо  маълумоти  камбизоатӣ  нақши ҳамоҳангсозиро мебозад.


Маълумотнома:

Тибқи ҳадафҳои глобалии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Статегияи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон ба  коҳишдиҳии  миқёси  камбизоатии  шадид  ва  муваффақшавӣ  ба  некӯаҳволии  умумӣ  тавассути вусъатдизии имкониятҳо барои бахши хусусӣ ва гуруҳҳои осебпазир равона шудааст.  Айни замон, сандуқи Бонки ҷаҳонӣ аз 13 лоиҳаи сармоягузорӣ  ба маблағи умумии 220,6 миллион доллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи бузургтарини сандуқ ба рушди шаҳр, деҳот ва иҷтимоӣ (21%), баъдан ба соҳаи кишоварзӣ  (18%),  энергетика  (16%),  идоракунӣ  (10%),  муҳити  зист  ва  захираҳои  табиӣ  (7%), тандурустӣ,  ғизодиҳӣ  ва  аҳолӣ  (7%),  маориф  (7%),  савдо  ва  рақобат  (5%),  ҳифзи  иҷтимоӣ  ва меҳнат (2%) рост меояд.

Гурӯуҳи  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  оянда  низ  ҷиҳати  беҳтар  намудани  зиндагии  мардум  ва  амалӣ гардонидани орзуву омоли аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи кишвар талош меварзад.   

spot_imgspot_img

Популярное