Боздошти беш аз 17 ҳазор нафар шахсони шубҳанок дар пойтахт дар соли равон

Дар зарфи 11 моҳи соли равонт аз тарафи бахши махсус ба шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 17 ҳазору 550 нафар шахсони шубҳанок барои муайян намудани шахсият ба шӯъба дастрас карда шудаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз ҷумла, барои нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ – 386 нафар, барои майдаавбошӣ – […]

ASIA-Plus



Дар зарфи 11 моҳи соли равонт аз тарафи бахши махсус ба шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 17 ҳазору 550 нафар шахсони шубҳанок барои муайян намудани шахсият ба шӯъба дастрас карда шудаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз ҷумла, барои нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ – 386 нафар, барои майдаавбошӣ – 68 нафар, барои кашидани сигору нос дар ҷойҳои муқаррарнагардида – 439 нафар, дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ – 1 ҳазору 83 нафар, ва нисбати 1 ҳазору 926 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 706 нафар ба қабулгоҳ-тавилгоҳи гадоён ва оворагардон ва 230 нафар ба ҳушёрхонаи тиббӣ дастрас карда шуда, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудааст.

Дар маълумот зикр мегардад, ки аз тарафи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ 986 ҳазору 350 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла барои идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 8 ҳазору 937, бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 32 ҳазору 534, ѓайриқонунӣ идора намудани воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ – 1 ҳазору 109, бе рақами қайди давлатӣ – 6 ҳазору 447, рақамҳои бегона – 885, гузаштан ҳангоми ранги сурхи чароѓаки роҳнамо – 13 ҳазору 449, аз меъёр зиёд намудани суръати ҳаракат дар роҳ – 131 ҳазору 967, ба манфиати шахсӣ истифода бурдани нақлиёти давлатӣ – 451 ва 790 ҳазору 571 ҳолати дигар вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.