Имрӯз дар Душанбе зимни мулоқоти муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо роҳбари намояндагии минтақавии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) Сароҷ Кумар Ҷа масъалаҳои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо бонк дар самти коҳиши оқибатҳои буҳрони ҷаҳонии молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили мрабут ба аз ҷониби БҶ дастгирӣ шудани буҷети давлатии Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаи CASA-1000 табодули назар намуданд.
Зимнан зикр гардид, ки зимни мулоқот ба масъалаҳои вобаста ба суръат ва сифати амалисозии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон бо иштироку саҳми Бонки ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.



