Таваҷҷуҳи вилояти Свердловск ба содироти сабзавоту мева аз Тоҷикистон

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид як ҳайати намояндагони бахши тиҷорату иқтисоди вилояти Свердловски Русияро ба ҳузур пазируфт. Тавре дафтари матбуоти ПСС ҶТ иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили фаъол гардонидани ҳамкориҳои минтақавии тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуда, соҳибкорони ин вилоят изҳор доштанд, ки ба воридоти техникаи сохтмонӣ, металлҳои сиёҳу ранга, таҷҳизоти […]

ASIA-Plus



Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид як ҳайати намояндагони бахши тиҷорату иқтисоди вилояти Свердловски Русияро ба ҳузур пазируфт.

Тавре дафтари матбуоти ПСС ҶТ иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили фаъол гардонидани ҳамкориҳои минтақавии тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуда, соҳибкорони ин вилоят изҳор доштанд, ки ба воридоти техникаи сохтмонӣ, металлҳои сиёҳу ранга, таҷҳизоти бахши саноат ва кишоварзӣ ба Тоҷикистон, мусоидат ба корҳои лоиҳакашии нерӯгоҳҳо хурди барқи обӣ, сармоягузорӣ ба индустрияи сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва таъминоти барномавӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва ҳамчунин содироти сабзавоту мева аз Тоҷикистон манфиатдоранд.

Шариф Саид изҳори итминон кард, ки муколамаи дуҷониба миёни доираҳои тиҷоратии кишварҳо ва сохторҳои давлатӣ ба таҳияи як қатор тадбирҳои амалӣ ҷиҳати пешбурди робитаҳо миёни минтақаҳо мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми вохӯрӣ миёни ПСС Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Урал созишном аба имзо расида, ҳамчунин оид ба баррасии масъалаи ташкили намоишгоҳи маҳсулоти вилояти Свердловск дар Душанбе дар соли 2015 ва ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.