Заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкҳои исломӣ дар соли 2015

Дар Тоҷикистон ба ташкили заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкҳо тибқи усулҳои дини ислом шурӯъ намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои татбиқ намудани муқаррароти қонуни мазкур зарур мебошанд, оғ гардиданд.  Гуфта мешавад, дар назар аст, […]

ASIA-Plus



Дар Тоҷикистон ба ташкили заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкҳо тибқи усулҳои дини ислом шурӯъ намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои татбиқ намудани муқаррароти қонуни мазкур зарур мебошанд, оғ гардиданд. 

Гуфта мешавад, дар назар аст, ки лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии номбурда дар асоси рукнҳо ва таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои олам, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Чин, Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Қазоқистон таҳия мешаванд ва дар нимсолаи аввали соли оянда мавриди татбиқ қарор мегиранд.

Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки оғози фаъолияти бонкҳои исломӣ ба густариши доираи амалиётҳои бонкӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ ва ҳамчунин афзоиши амонатҳои дохилӣ мусоидат мекунад.

Ёдрас мекунем, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ»-ро парлумон моҳи майи соли равон қабул кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.