– Сохторҳои дахлдори Тоҷикистон дар робита ба масъалаи озод кардани 4 нафар марзбонони тоҷик, ки ахири ҳафтаи гузашта аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати «Толибон»
ба асорат гирифта шуданд
, мудом бо мақомоти Афғонистон дар тамосанд, – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ.
Бино ба гуфти манбаъ, ҳукуматдорони Афғонистон итминон додаанд, ки ин масъала рӯзҳои наздик ҳаллу фасл мешавад.
Рӯзи 22-юми декабр роҳбари Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Қундузи Афғонистон саҳеҳияти маълумоти рабуда шудани марзбонони тоҷикро мавриди санҷиш қарор додааст, вале баъди ин департаменти иттилооти ВКХ ҶТ дигар ба ин масъала таваҷчуҳе зоҳир накард.
Дар ҳамин ҳол, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Муҳаммад Ҷаъфаров санаи 22-юми декабр дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» далели ба асорат гирифтани марзбонони тоҷикро рад кард.
Субҳи рӯзи 22-юми декабр як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» ба асорат афтодани марзбонони тоҷикро тасдиқ намуда, таъкид дошт, ки ба таҳқиқи ҳодиса мазкур Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ машғул аст.



