Боздиди Шукурҷон Зуҳуров аз мактаб-интернати ноҳияи Темурмалик



Бо супориши президент раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 28-уми декабр аз мактаб-интернати деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик боздид намуда, 120 нафар тарбиятгирандагони ин муасисаро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфт.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонв ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шукурҷон Зуҳуров ва вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, ки ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ дошт, ба тарбиятгирандагони интернат сарулибос, телевизор, чангкашак, қолинҳо, мебел, компютерҳо, беш аз 1 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

Корманди собиқадори мактаб-интернат Хадича Иқболоваро раиси палатаи поёнии парлумон бо ифтихорномаи Маҷлиси намояндагон ва директори интернат Фаррух Қувватовро бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз намуд.

Змни мулоқот бо тарбиятгирандагони интернат Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, ки ин муассиса соли 1933 сохта шуда, дар он фарзандони барӯманди халқи тоҷик академик, собиқ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Талбак Назаров, академик Ёқубшо Юсуфов, оҳангсоз Қудратулло Яҳёев ва дигарон тарбият гирифтаанд. 

spot_imgspot_img

Популярное