Ба ивази МБГ «Душанбе-2» ТВЕА кони тиллоро барои коркард мегирад

Ширкати чинии ТВЕА барои коркарди конҳои тиллои «Дуоба» ва «Кумарғи Боло» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ танҳо баъди саҳеҳ шудани маълумот дар бораи ҳаҷми захираҳои ин конҳо иҷозатнома дастрас карда метавонад. Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол имрӯз дар ҷамъи журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ширкати чинӣ дар ин […]

Пайрав Чоршанбиев



Ширкати чинии ТВЕА барои коркарди конҳои тиллои «Дуоба» ва «Кумарғи Боло» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ танҳо баъди саҳеҳ шудани маълумот дар бораи ҳаҷми захираҳои ин конҳо иҷозатнома дастрас карда метавонад.

Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол имрӯз дар ҷамъи журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ширкати чинӣ дар ин конҳо корҳои иктишофи геологӣ мегузаронад, ки анҷоми онҳо то соли 2017 дар назар аст.

Бино ба гуфти ӯ, баъди саҳеҳ шудани маълумот дар бораи ҳаҷми захирахои ин конҳо ҳукумати Тоҷикистон оид ба коркарди минбаъдаи онҳо тасмим мегирад ва аз эҳтимол дур нест, ки ширкати ТВЕА барои коркарди маъдан дар яке аз ин конҳо иҷозатнома дастрас намояд.

Ӯ таъкид дошт, ки ширкати ТВЕА аз ҳисоби маблағҳои худаш дар шаҳри Душанбе Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) бундё намуда, тибқи тавофуқи ҳосилшуда бо ҳукумати ҷумҳурӣ, ба ширкати чинӣ барои коркарди яке аз конҳои тиллои Тоҷикистон иҷозатнома дода мешавад. «Дар ҳама гуна ҳолат, Тоҷикистон аз ин муомилот бурд хоҳад кард», – афзуд Ҷумъазода.

Ёдрас мекунем, ки соли 2013 ширкати чинии ТВЕА барои баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар конҳои «Дуоба» ва «Кумарғи Боло» иҷозатнома гирифт. Тибқи маълумоти ҳанӯз замони шӯравӣ бадастомада, таркиби тилло дар ин конҳо беш аз 2 грамм дар 1 тонна маъданро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки арзиши Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»-и аз ҷониби ширкати ТВЕА сохташуда, 30 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.