Мусодираи беш аз 180 ҳазор тонна сӯзишвории пастсифат дар соли гузашта



Давоми соли гузашта аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» беш аз 180 тонна маҳсулоти нафтии пастсифат аз муомилот гирифта шуд.

Зимни нишасти хабарӣ директори Агентӣ Бахтиёр Шукурзода дар ин робита изҳор намуд, ки дар баъзе нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ далелҳои фурӯши бензини пастсифат чун бензини тамғаҳои баландтар ба мушоҳида расиданд ва ғайр аз ин, дар баъзе нуқтаҳои фурӯш ҳаҷми зарурии бензини маблағаш пардохтшударо пурра намерезанд.

Роҳбари Агентӣ қайд кард, ки барои фурӯши маҳсулоти нафтии пастсифат, истифодаи дастгоҳҳои ченкунии муҳлати истифодааш гузашта ва ҳамчунин фиреби истеъмолгарон як қатор ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ҷарима шудаанд.

«Ба сафи ширкату корхонаҳои ҷаримашуда аз ҷумла ҶДММ «Газпромнефт Тоҷикистон» ва ҶДММ «Абдурашид», ҳамчунин нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории «Мега газ», «Зет газ», «Стат нефт», «Ором», «Тоҷ ойл», «Гузар» ва чандеи дигар шомиланд», – гуфт ӯ.

spot_imgspot_img

Популярное