Эътирофи ифротгароии ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон

Ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд, гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд. Раиси дастгоҳи Суди олии ҶТ Ҳабибулло Амирбекзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки санаи 8-уми декабри соли 2014 Суди олии ҷумҳурӣ дар ин хусус қарори дахлдор содир намуда, фаъолияти торнамои ҳаракат ва дастрасӣ […]

Аҳлиддин Салимов



Ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд, гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Раиси дастгоҳи Суди олии ҶТ Ҳабибулло Амирбекзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки санаи 8-уми декабри соли 2014 Суди олии ҷумҳурӣ дар ин хусус қарори дахлдор содир намуда, фаъолияти торнамои ҳаракат ва дастрасӣ ба он низ қатъ карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибдорони ҷараёни Салафия мутобиқи моддаи 307, дараҷаи 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Даъватҳои оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароёна) ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар – Сироҷиддин Абдураҳмонов, яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён, Киромиддин Абдураҳмонов, писари ӯ ва ҳамчунин Абдураҳмон Абдураҳимов, Муҳаммадраҷаб Наврӯзов, Шаҳобиддин Саидов, Музаффар Файзуллоев ва Икромиддин Юсуфов маҳкум шуда буданд.

Аз соли 2006 бо пешниҳоди Прокуратураи генералии ҶТ 10 гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла «Ал-Қоида», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ҷамоати Таблиғ», «Толибон», «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут Таҳрир» ва ғайра ба феҳристи созмону ҳаракатҳои фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон манъшуда шомил гардиданд. Санаи 9-уми октябр бо шомил гардидани ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24» шумори чунин созмонҳо дар рӯйхат афзуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.