Шуҳрат Қудратов эътирофи бегуноҳиашро аз суд дархост кард

Дар мурофиаи судии идомадошта оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов зимни сухани ниҳоии худ айбдоршаванда аз суд дархост намуд, ки ба айбнома баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, бегуноҳии ӯ эътироф карда шавад. Шуҳрат Қудратов аз суд дархост намуд, ки айбномаи ба ӯ пешниҳодшуда тибқи моддаи 320 (Додани пора) бекор шавад, зеро дар ҷараёни тафтишот он […]

Мавзуна Абдуллоева



Дар мурофиаи судии идомадошта оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов зимни сухани ниҳоии худ айбдоршаванда аз суд дархост намуд, ки ба айбнома баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, бегуноҳии ӯ эътироф карда шавад.

Шуҳрат Қудратов аз суд дархост намуд, ки айбномаи ба ӯ пешниҳодшуда тибқи моддаи 320 (Додани пора) бекор шавад, зеро дар ҷараёни тафтишот он исботи худро наёфтааст. «Тафтишот нисбати ман якҷониба буд ва дархост дорам, ки чор сабти аудиоӣ, ки дар онҳо бегуноҳиам дар пешниҳоди пора исбот мешавад, мавриди омӯзиш қарор гирад», – гуфт ӯ.

Дар суд адвокат изҳор намуд, ки зимни ҳимоят аз манфиатҳои судшаванда Амиралӣ Сумалаев дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ӯ воқеъан ҳам аз зерҳимояаш маблағи пулӣ гирифтааст, вале на барои ба судя пора додан, балки барои ҷуброни зарари ҷабрдида – директори ширкати «Пайванд» Бадриддин Қаноатов.

Дар идома ӯ айбномаи тибқи моддаи 247 (Қаллобӣ) ба ӯ пешниҳодшударо хотирррасон намуда, зикр кард, ки 7 ҳазор доллари ИМА-и аз Тӯрабек Охунов, бародари роҳбари ширкати «Мовароуннаҳр» гирифта ҳақмузди кораш барои хизматгузории адвокатӣ аст ва гузашта аз ин, хешони ӯ аллакай ин маблағро ба Тӯрабек Охунов баргардонидаанд.

Имрӯз суд ҷиҳати таъин намудани ҳукм аз рӯйи ин парвнада ба хонаи машваратӣ хориҷ шуда, содир шудани ҳукм пагоҳ, рӯзи 13-уми январ дар назар аст.

Санаи 7-уми январ Самандар Абдуллозода, айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, айбдоркунандаро тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, аз суд дархост намуд, ки ӯро

ба 11 соли зиндони низомаш шадид

маҳкум кунад.

Ёдрас мекунем, ки маводи парвандаи мазкур санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ 

ба суд ирсол шуд.

Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл судяи суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Диловар Саидов дар бораи 

мусодираи 22 ҳазор доллари ИМА-и

 аз манзили адвокати боздоштшуда Шуҳрат Қудратов дарёфтшуда ба нафъи ҷабрдида аз таҷовуз ба номус Моҳира Бобораҷабова ҳалнома содир намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.