Ҳ.Фақеров: Сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғони пойтахт коҳиш ёфт



– Дар муқоиса бо соли пешин соли 2014 сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғони шаҳри Душанбе коҳиш ёфт, вале сарфи назар аз ин, ин мушкилот то ҳол боиси нигаронии мақомоти шаҳрдории пойтахт аст, – гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 16-уми январ сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидулло Фақеров.

Ба гуфтаи ӯ, далели соли гузашта рух додани 4 ҳодисаи кордзанӣ миёни толибилмони мактабҳо, ки бар асари он 1 нафари онҳо ҳалок шуд, боиси ташвиш мебошад. «Раёсати маорифи пойтахт дар ҳамдастӣ бо мақомоти прокуратура дар робита ба ин масъала миёни хонандагони мактабҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад», – иброз дошт ӯ.

Бино ба иттилои Фақеров, соли гузашта барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолият, директори яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт аз вазифааш барканор карда шудааст.

«Масалан, директори мактаби №48-и ноҳияи Шоҳмансур барои ба як хонанда аз вилояти Хатлон додани маълумотнома дар бораи таҳсил дар ин мактаб аз мансаб сабукдӯш гардид», – қайд кард сардори Раёсати маорифи пойтахт.

Ахири моҳи августи соли гузашта Суди ноҳияи Синои пойтахт айбдоркунандаи асосӣ дар қатли Бурҳониддин Зарифов, хонандаи мактаби №66-и пойтахт, Бобоҷон Ҳомидовро

ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард

.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн муноқишаи толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ба кордзанӣ табдил ёфта, бо ҳалокати яке аз онҳо анҷом пазируфт. Баъдан гунаҳкори асосӣ Бобоҷон Ҳомидови 17-сола ба гуноҳаш иқрор шуда, ба ҳабс гирифта шуд.

spot_imgspot_img

Популярное