Кумак ба муҳоҷирони точик дар дастрасии беш аз 24 млн. рубл музди меҳнат

Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон соли 2014 ба муҳоҷирони кори тоҷик дар Русия барои дастрас намудани беш аз 24 млн. рубли русӣ музди меҳнаташон кумак карда шуд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ роҳбари ин вазорат Сумангул Тағойзода хабар дод. Ӯ изҳор намуд, ки ҳамчунин 71 қарори судҳои ноҳиявии Русия […]

Мавзуна Абдуллоева



Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон соли 2014 ба муҳоҷирони кори тоҷик дар Русия барои дастрас намудани беш аз 24 млн. рубли русӣ музди меҳнаташон кумак карда шуд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ роҳбари ин вазорат Сумангул Тағойзода хабар дод.

Ӯ изҳор намуд, ки ҳамчунин 71 қарори судҳои ноҳиявии Русия нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ва таъиноти манъи вуруди 53 шаҳрвандони кишвар ба қаламрави Русия бекор карда шуда, истеҳслоти 68 парвандаи марбут ба қонушиканиҳои маъмурӣ боздошта шудааст. «Бо мусоидати намояндагии Вазорат 1 ҳазору 975 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойҳои корӣ дар қаламрави Русия таъмин карда шуданд», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти С.Тағойзода, бо мақсади сафарбарии муташаккили муҳоҷирон барои кор дар хориҷи кишвар, дар сохтори Вазорат Муассисаи дапвлатии «Агентии таъминот бо ҷойи корӣ дар хориҷи кишвар» таъсис дода шудааст. «Айни замон ин муассиса бо корхонаҳои Русия ва Қазоқистон ҳамкорӣ мекунад», – иброз дошт вазир.

Зимнан зикр гардид, ки феълан дар қаламрави Русия 82 ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои диаспораи тоҷикон фаъолият мекунанд, ки Вазорат бо ҳамаи онҳо мудом дар робита аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.