Ҳ.Фақеров: Сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғони пойтахт коҳиш ёфт

– Дар муқоиса бо соли пешин соли 2014 сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғони шаҳри Душанбе коҳиш ёфт, вале сарфи назар аз ин, ин мушкилот то ҳол боиси нигаронии мақомоти шаҳрдории пойтахт аст, – гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 16-уми январ сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидулло Фақеров. Ба гуфтаи ӯ, далели соли гузашта рух додани 4 […]

Мавзуна Абдуллоева



– Дар муқоиса бо соли пешин соли 2014 сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғони шаҳри Душанбе коҳиш ёфт, вале сарфи назар аз ин, ин мушкилот то ҳол боиси нигаронии мақомоти шаҳрдории пойтахт аст, – гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 16-уми январ сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидулло Фақеров.

Ба гуфтаи ӯ, далели соли гузашта рух додани 4 ҳодисаи кордзанӣ миёни толибилмони мактабҳо, ки бар асари он 1 нафари онҳо ҳалок шуд, боиси ташвиш мебошад. «Раёсати маорифи пойтахт дар ҳамдастӣ бо мақомоти прокуратура дар робита ба ин масъала миёни хонандагони мактабҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад», – иброз дошт ӯ.

Бино ба иттилои Фақеров, соли гузашта барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолият, директори яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт аз вазифааш барканор карда шудааст.

«Масалан, директори мактаби №48-и ноҳияи Шоҳмансур барои ба як хонанда аз вилояти Хатлон додани маълумотнома дар бораи таҳсил дар ин мактаб аз мансаб сабукдӯш гардид», – қайд кард сардори Раёсати маорифи пойтахт.

Ахири моҳи августи соли гузашта Суди ноҳияи Синои пойтахт айбдоркунандаи асосӣ дар қатли Бурҳониддин Зарифов, хонандаи мактаби №66-и пойтахт, Бобоҷон Ҳомидовро

ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард

.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн муноқишаи толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ба кордзанӣ табдил ёфта, бо ҳалокати яке аз онҳо анҷом пазируфт. Баъдан гунаҳкори асосӣ Бобоҷон Ҳомидови 17-сола ба гуноҳаш иқрор шуда, ба ҳабс гирифта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.