Ҳунармандони афғон бонувони тоҷикро қолинбофӣ меомӯзанд

Раиси вилояти Суғд гурӯҳи ҳафтнафараи ҳунармандони афғонро, ки барои омӯзонидани қолинбофии тарзи афғонӣ ба вилояти Суғд даъват шуданд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суҳбат таъкид гардид, ки ки роҳбарияти вилояти Суғд барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила соҳибҳунар намудани занону духтарони тоҷик ба таври ҳамешагӣ талош […]

ASIA-Plus



Раиси вилояти Суғд гурӯҳи ҳафтнафараи ҳунармандони афғонро, ки барои омӯзонидани қолинбофии тарзи афғонӣ ба вилояти Суғд даъват шуданд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суҳбат таъкид гардид, ки ки роҳбарияти вилояти Суғд барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила соҳибҳунар намудани занону духтарони тоҷик ба таври ҳамешагӣ талош варзида, соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд маркази таълимӣ ва  истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии «Шероз» ифтитоҳ гардида буд. Дар ин ҷо коргоҳҳои қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ ва дӯхти либосҳои гуногун фаъол гардидаанд, ки дар онҳо беш аз 400 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд ва садҳо нафар дар ин марказ ҳунари қолинбофиро аз ҳунармандони эронӣ ба таври комил омӯхтаанд.

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ низ ин иқдоми наҷиби Раиси вилоят бо ҷалби ҳунармандони афғонӣ вусъат меёбад. Гуфта шуд, ки ҳамкории  судманди дуҷониба метавонад дар рушди фарҳангу ҳунарҳои муштарак мусоидат намояд.

Ҳунармандони афғонӣ қаноатмандии худро аз ҳамкориҳои судманд баён дошта, изҳор намуданд, ки «кӯшиш мекунем дар марҳилаи аввали  муайянгардида, ки 6 моҳро дар бар мегирад, тамоми нозукиҳои қолинбофии афғониро ба занони тоҷик омузонем».

Ҳунармандони афғон ҳамзамон аз маркази таълимӣ – истеҳсолии «Шероз» боздид намуда, пас аз шиносоӣ изҳор доштанд, ки аллакай занони тоҷик ҳунари қолинбофиро балад гаштаанд. Аммо боз зарур аст, ки онро рушд ва такмил диҳанд.

Бояд гуфт, ки анъанаи қолинбофии тарзи афғонӣ таърихи бисёрсола дошта, айни замон бо ин ҳунар зиёда аз 6 миллион шаҳрвандони Афғонистон шуғл меварзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.