Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба зиёда аз 2 млрд. $ расид

Соли 2014 дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10,5 млрд. сомонӣ (зиёда аз 2 млрд. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2013 ба андозаи 5,1% зиёдтар аст. Ба иттилои манбаъ, дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – […]

Пайрав Чоршанбиев


Соли 2014 дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10,5 млрд. сомонӣ (зиёда аз 2 млрд. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2013 ба андозаи 5,1% зиёдтар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 13,3, саноати коркард – 66,1% ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 20,6%-ро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим соли 2014 дар 40 номгӯи он истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 37 номгӯй  истеҳсоли он коҳиш ёфта, 13 номгӯи маҳсулот истеҳсол нашудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз 1 ҳазору 183 корхонаи саноатии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда, аз оғози сол 149 корхона аз фаъолият бозмондаанд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.