Зоопарки пойтахтро ба Боғи Ғалаба мекӯчонанд

Боғи ҳайвонот (зоопарк)-и шаҳри Душанберо ба қаламрави Боғи Ғалаба мекӯчонанд ва барои ин аллакай 5 гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Зимни нишасти хабарии рӯзи 16-уми январ сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар қаламрави боғи нави ҳайвонот корҳои сохтмон ва ободонӣ ҷараён доранд. Ёдрас мекунем, ки Боғи […]

Мавзуна Абдуллоева



Боғи ҳайвонот (зоопарк)-и шаҳри Душанберо ба қаламрави Боғи Ғалаба мекӯчонанд ва барои ин аллакай 5 гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 16-уми январ сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар қаламрави боғи нави ҳайвонот корҳои сохтмон ва ободонӣ ҷараён доранд.

Ёдрас мекунем, ки Боғи ҳайвоноти Душанбе аз соли 1961 фаъолият мекунад. Он дар қисмати марказии тарафи рости хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар наздикии дарёи Душанбе воқеъ аст. Имрӯз дар боғи ҳайвоноти Душанбе 130 навъи ҳайвонот нигоҳуюин карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Боғи ҳайвоноти Душанбе аз соли 2007 узви Ассотсиатсияи минтақавии авруосиёгии боғҳои ҳайвонот ва аквариумҳо (УРАЗ) буда, бо боғҳои ҳайвоноти кишварҳои узви ИДМ, давлатҳои минтақаи Назди Балтика, Олмон, Лаҳистон, Чехия, Словакия ва Булғористон ҳамкорӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.