У.Қувватов: Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳар роҳе ба истирдоди мо аз Туркия омода аст

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор кард, ки Тоҷикистон ҷиҳати истирдоди Умаралӣ Қувватов аз Туркия ба унвони ҳукуматдорони ин кишвар дархост ирсол намуд. Вазири корҳои дохилӣ дар ин робита қайд кард, ки Қувватов, ки нимаи моҳи декабри соли гузашта барои риоя накардани муқаррароти будубош дар ин кишвар боздошт шуда буд, […]

ASIA-Plus



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор кард, ки Тоҷикистон ҷиҳати

истирдоди Умаралӣ Қувватов аз Туркия

ба унвони ҳукуматдорони ин кишвар дархост ирсол намуд.


Вазири корҳои дохилӣ дар ин робита қайд кард, ки Қувватов, ки нимаи моҳи декабри соли гузашта барои риоя накардани муқаррароти будубош дар ин кишвар боздошт шуда буд, дар Тоҷикистон ба содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнини иқтисодӣ ва кӯшиши ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар кишвар гумонбар дониста мешавад.

Худи Умаралӣ Қувватов дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ба истирдоди ӯ талош варзидани ҳукуматдорони тоҷикро дар назар дошт, вале дар бораи воқеъан ирсол шудани дархост чанде қабл огоҳ шудааст.


– Аз кӣ ва чӣ гуна дар бораи ин дархост огоҳ шудед?

– Ҳамсарам занг зада, огоҳ кард, ки Тоҷикистон далели ирсоли ҳуҷҷатҳо барои истирдоди маро тасдиқ намудааст. Пас аз ин ман гуфтам, ки шояд бозии асосии ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ шуд.


– Шумо чӣ фикр доред, оё ҳукуматдорони Туркия шуморо истирдод мекунанд?

– Алҳол ман дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Имрӯз сиёсат чӣ гуна аст, ҳама медонанд ва огаҳанд, ки дар сиёсат рух додани ҳама гуна ҳолате имкон дорад. Оё ҳукуматдорони Туркия инро қабул мекунанд ё на, ман ҳозир мушаххасан чизе гуфта наметавонам.


– Аз замони боздошти шумо дар Туркия як моҳ сипарӣ шуд. Оё барои ҳимоят аз манфиатҳоятон адвокат киро кардед?

– Бале, чанде қабл. Дар тааҷҷубам, ки агар ман меъёрҳои қонунгузории маъмурии Туркияро риоя накарда бошам, пас чаро маро дар кӯча ё ҷойи дигаре боздошт накарда, чаро ба хонаи ман омаданд? Бисёр чизҳое ҳастанд, ки ман алҳол сарфаҳмашро намеравам.


– Ба назаратон дархости истирдоди шумо гувоҳи миёни ҳукуматдорони Тоҷикистону Туркия роҳандозӣ шудани робита дар ин масъала аст?

– Алҳол чизе маълум нест. Чӣ гуна будани ин бозӣ мушаххас нест. Танҳо як чизро медонам, ки баъди боздошти мо, дар Тоҷикистон масъалаи баста шудани литсейҳои туркӣ мавриди баҳси доманадоре қарор гирифт. Эҳтимоле мавҷуд аст, ки дар бораи табодул гуфтушунидҳо ҷараён доранд. Бо итминон гуфта метавонам, ки ҳукумати Тоҷикистон бо ҳар роҳе ба истирдоди мо аз Туркия омода аст.

Ёдрас мекунем, ки Умаралӣ Қувватов 

рӯзи 19-уми декабри соли гузашта 

дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шуда буд.

Пас аз боздошти У.Қувватов, анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» аз ҳукуматдорони Туркия дархост намуд, ки муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи мақоми паноҳандагон ва Конвенсия зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро иҷро намуда, меъёрҳои мурофиавии қонунгузории Туркия, аз ҷумла таъмини боздоштшуд бо адвокатро риоя намояд.

Қобили зикр аст, ки 9-уми октябри соли 2014 Суди олии Тоҷикистон 

аризаи Прокуратураи генералии ҷумҳуриро

 қонеъ намуда, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро, ки созмониҳандааш шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов аст,

ифротгаро эълон карда,  

фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Тобистони соли 2012 Умаралӣ Қувватов баъди маҷбуран тарк кардани Тоҷикистон, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод. Ӯ чандин маротиба дар ВАО ҳукуматдорони Тоҷикистонро мавриди интиқоди шадид қарор додааст.    

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.