Раиси вилояти Суғд гурӯҳи ҳафтнафараи ҳунармандони афғонро, ки барои омӯзонидани қолинбофии тарзи афғонӣ ба вилояти Суғд даъват шуданд, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суҳбат таъкид гардид, ки ки роҳбарияти вилояти Суғд барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила соҳибҳунар намудани занону духтарони тоҷик ба таври ҳамешагӣ талош варзида, соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд маркази таълимӣ ва истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии «Шероз» ифтитоҳ гардида буд. Дар ин ҷо коргоҳҳои қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ ва дӯхти либосҳои гуногун фаъол гардидаанд, ки дар онҳо беш аз 400 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд ва садҳо нафар дар ин марказ ҳунари қолинбофиро аз ҳунармандони эронӣ ба таври комил омӯхтаанд.
Зикр гардид, ки соли ҷорӣ низ ин иқдоми наҷиби Раиси вилоят бо ҷалби ҳунармандони афғонӣ вусъат меёбад. Гуфта шуд, ки ҳамкории судманди дуҷониба метавонад дар рушди фарҳангу ҳунарҳои муштарак мусоидат намояд.
Ҳунармандони афғонӣ қаноатмандии худро аз ҳамкориҳои судманд баён дошта, изҳор намуданд, ки «кӯшиш мекунем дар марҳилаи аввали муайянгардида, ки 6 моҳро дар бар мегирад, тамоми нозукиҳои қолинбофии афғониро ба занони тоҷик омузонем».
Ҳунармандони афғон ҳамзамон аз маркази таълимӣ – истеҳсолии «Шероз» боздид намуда, пас аз шиносоӣ изҳор доштанд, ки аллакай занони тоҷик ҳунари қолинбофиро балад гаштаанд. Аммо боз зарур аст, ки онро рушд ва такмил диҳанд.
Бояд гуфт, ки анъанаи қолинбофии тарзи афғонӣ таърихи бисёрсола дошта, айни замон бо ин ҳунар зиёда аз 6 миллион шаҳрвандони Афғонистон шуғл меварзанд.



