Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ сокини шаҳри Хуҷанд Саидҷалол Саидовро ҳангоми кӯшиши интиқоли ғайриқонунии миқдори зиёди сигарет аз Афғонистон боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ, дар гузаргоҳи «Панҷи Поён» Саидҷалол Саидов дар пинҳонгоҳи махсуси қисми поёнии бордони автомашинаи худ ба миқдори 1 ҳазору 898 адад бастаи сигаретаҳои тамғаи «ЕSSЕ»-и истеҳсоли давлати Кореяро ҷойгир кунонида, аз болои он миқдори 1 ҳазору 350 халтаҳои пиёзро устокорона чидаву бо ин усул мехост онро аз назари гумрукчиён пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон интиқол бидиҳад.
«Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки Саидҷалол Саидов ин миқдор маҳсулоти тамокугиро аз омии Афғонистон бо мақсади тиҷорат харидорӣ намуда, мехост бо нархи гаронтар бидуни тамғаи аксизӣ ва ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон ба фуруш бароварда, аз ин ҳисоб даромади муфт ба даст орад», – омадааст дар маълумоти Хадамоти гумрук.
Гуфта мешавад, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



