Раиси БМТ изҳорот оид ба даст доштани бонк ба қаллобиҳои Занҷониро ҳарза хонд

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов изҳороти намояндагони комиссияи тафтишотии Эрон нисбати парвандаи тоҷир Бобаки Занҷонӣ оид ба аз ҷониби раҳбарияти БМТ гирифтани пораро ҳарзае беш намедонад. Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон як қатор васоити ахбори умум бо истинод ба Амир Аббос Султонӣ, узви комисияи тафтишотии парвандаи миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ иттилоъ доданд, […]

Пайрав Чоршанбиев



Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов изҳороти намояндагони комиссияи тафтишотии Эрон нисбати парвандаи тоҷир Бобаки Занҷонӣ оид ба аз ҷониби раҳбарияти БМТ гирифтани пораро ҳарзае беш намедонад.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон як қатор васоити ахбори умум бо истинод ба Амир Аббос Султонӣ, узви комисияи тафтишотии парвандаи миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ иттилоъ доданд, ки гӯё замоне намояндаи Занҷонӣ барои сохтакории ҳуҷчатҳои интиқоли мабалғҳои пулии ӯ ба яке аз муовинони раиси БМТ дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА пора додааст.

«Ҳаҷми маблағи пулие, ки дар борааш сухан меравад, чандин маротиба аз буҷети Тоҷикистон зиёд аст ва агар воқеъан ҳам чунин ҳолат ҷой медошт, рӯйпӯш кардани интиқоли чунин миқдор маблағ хеле мушкил аст. Мо

чандин маротиба изҳор кардем

ва бори дигар изҳор менамоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ин мабалғ ҳеҷ муносибате надорад», – гуфт Абдуҷаббор Ширинов.

Раиси БМТ таъкид дошт, ки масъалаи мазкур дар вохӯрӣ бо раҳбарияти Бонки марказии Эрон баррасӣ шуда, онҳо итминон ҳосил кардаанд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ин қазия ҳеҷ муносибате надорад.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир Бобаки Занҷонӣ яке аз сармоягузорони бештар мавриди баҳс дар Тоҷикистон қарор гирифт. Ӯро саҳмиядори аввали холдинги «Конт-групп Тоҷикистон» мешуморанд, ки ширкатҳои ҷудогонае чун «Asian Express Terminal», «Конт — Таъминот», «Конт-Турист», «Asian Express Airline» и «Конт-сохтмон»-ро муттаҳид месозад. Айни замон «Asian Express Airline» ва «Kont Investment bank» дар рӯйхати мавриди таҳрим қарордоштаи ИМА ва Аврупо қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки Бобаки Занҷонӣ 30-юми декабри соли 2013 дар Эрон боздошт шуд. Ҳукуматдорони Эрон ӯро ба азхудкунии 2 млрд. 600 млн. еврои мутааллиқ ба Вазорати нафти Эрон муттаҳам медонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.