Даромади буҷети Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 2,5 млрд. $-ро ташкил дод

Зимни нишасти хабарии рӯзи 23-юми январ дар Душанбе муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Шавкат Соҳибов изҳор намуд, ки ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли гузашта 13,3 млрд. сомонӣ (беш аз 2,5 млрд. $)-ро ташкил дод. Бино ба иттилои ӯ, ин нишондиҳанда аз ҳаҷми пешбинишуда 1,2% (268,3 млн. сомонӣ) зиёдтар аст. Ҳаҷми даромади умумии буҷети […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни нишасти хабарии рӯзи 23-юми январ дар Душанбе муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Шавкат Соҳибов изҳор намуд, ки ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли гузашта 13,3 млрд. сомонӣ (беш аз 2,5 млрд. $)-ро ташкил дод.

Бино ба иттилои ӯ, ин нишондиҳанда аз ҳаҷми пешбинишуда 1,2% (268,3 млн. сомонӣ) зиёдтар аст. Ҳаҷми даромади умумии буҷети давлатии соли 2014 нисбат ба даромадҳои буҷети соли 2013 ба миқдори 1,8 млрд. сомонӣ бештар аст.

Муовини вазири молия қайд кард, ки соли 2014 ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби даромадҳои ҷорӣ – 11,5 млрд. сомонӣ, воситаҳои махсус – 703,9 млн. сомонӣ ва қарзу бурсҳо барои амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ – 1 млрд. сомонӣ маблағҳо ворид шуданд.

«Дар ин давра ба маблағи умумии 3,7 млрд. сомонӣ 28 созишномаҳои қарзиву бурсӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, аз ҷумла 14 созишномаи бурсӣ ба маблағи 474 млн. сомонӣ ва 14 созишномаи қарзӣ ба имзо расиданд, ки ҳаҷми умумии онҳо 3,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад», – гуфт муовини вазир.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2014 қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ ба андозаи 95,1% ба иҷро расидааст. «Соли гузашта ба рушди иқтисоди кишвар аз буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ 13,2 млрд. сомонӣ маблағ равона гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2013 ба миқдори 1,7 млрд. сомонӣ зиёдтар аст», – афзуд Ш.Соҳибов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер