Идомаи болоравии қурби доллар дар бозори асъори Тоҷикистон

Ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар бозори асъори Тоҷикистон андаке баланд шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ),  ба санаи 22 январ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби доллари ИМА нисбати арзи миллӣ ба ҳисоби миёна 5,6540-5,6740 сомониро ташкил намуд. Ёдрас мекунем, ки як ҳафтаи қабл (15 январ) қурби миёнаи доллари ИМА […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар бозори асъори Тоҷикистон андаке баланд шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ),  ба санаи 22 январ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби доллари ИМА нисбати арзи миллӣ ба ҳисоби миёна 5,6540-5,6740 сомониро ташкил намуд.

Ёдрас мекунем, ки як ҳафтаи қабл (15 январ) қурби миёнаи доллари ИМА нисбати сомонӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори кишвар ба 5,6250 – 5,6470 сомонӣ барои 1 доллари ИМА баробар буд.

Гуфта мешавад, 22 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе – 5,6720-5,6920 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,6800-5,7000 сомонӣ ва ш. Қӯрғонтеппа 5,6500-5,6700 сомониро ташкил дод.

Тибқи маълумоти БМТ, давоми соли 2014 қурби доллари ИМА нисбати арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ 10,7%, аз 4,9300 сомонӣ (барои 1 $) дар аввали соли 2014 то 5,4600 сомонӣ дар охири соли гузашта боло рафт. Аз оғози соли равон бошад, қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ тақрибан 3% афзуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер