Раиси Кумита оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва масоли гуманитарии Ассамблеяи Парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (АП САҲА) Изабел Сантос дар робита ба ҳукми содиршуда нисбати ҳуқуқшиноси тоҷик Шуҳрат Қудратов ва ҳамчунин вазъи озодии шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла айбномаҳои нави пешниҳодшуда нисбати Зайд Саидов, пешвои ҳизби сиёсии сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав» нигаронӣ изҳор кард.
«Дар остонаи интихобот Тоҷикистон бояд бо муколамаи озод ва чӣ чизе беҳтар будан барои Тоҷикистон фаро гирифта шавад, аммо ҳама чиз баръакс сурат мегирад, ин тадбирҳо дар бахши ҳуқуқ озодии сиёсӣ, мустақилияти низоми судӣ ва волояити қонунро зери шубҳа мегузоранд», – изҳор доштааст Сантос.
Дар изҳороти интишоршудаи АП САҲА таъкид мешавад, ки Қудратов дар ҷомеа ҳамчун ҳимоятгар дар парвандаҳои пурсарусадо, аз ҷумла парвандаи яке аз нашрияҳои пешсафи Тоҷикистон – газетаи «Азия-Плюс», соҳибкори шинохта ва муассиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов ва дигарон маъруф аст.
«Дар Тоҷикистон кӯшишҳои ошкорои пешгирии интиқод аз ҷониби ҳомиёни ҳуқуқ бояд хотима дода шавад. Дар раванди бунёди давлати коршоями демократӣ фаъолони сиёсӣ, ҳуқуқшиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бидуни ҳарос аз таъқибот ё ҷавобгарии судӣ, бояд ба иҷрои кори худ имкон дошта бошанд. АП САҲА қазияҳои зикршуда дар Тоҷикистонро ҷиддӣ пайгирӣ хоҳад кард», – қайд кардаст Сантос.
Гуфта мешавад, бо назардошти фишори афзоянда, раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон имкони таҳрими интихоботи парлумонии санаи 1-уми март дар кишварро эълом доштааст. «Бо таъкиди муҳим будани иштирок дар раванди сиёсӣ, мо ин қарорро ба инобат мегирем», – баён мегардад дар изҳорот.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки Ассамблеяи Парлумонии САҲА маъракаи интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистонро низ пайгирӣ хоҳад кард.



