Оғози фестивал-озмуни «Суруди сарбоз»

Тибқи нақша-чорабиниҳои пешбинишудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола бахшида ба рӯзи таъсиёбии Артиши миллии кишвар, дар тамоми ҷузъу томҳо ва қисму воҳидҳои ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ миёни афсарону сарбозон чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ба нақша гирифта мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, вобаста ба ин, давоми як ҳафта мешавад, ки дастаи ҳаваскорони навъҳои […]

ASIA-Plus



Тибқи нақша-чорабиниҳои пешбинишудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола бахшида ба рӯзи таъсиёбии Артиши миллии кишвар, дар тамоми ҷузъу томҳо ва қисму воҳидҳои ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ миёни афсарону сарбозон чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ба нақша гирифта мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, вобаста ба ин, давоми як ҳафта мешавад, ки дастаи ҳаваскорони навъҳои Қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ, сарбозони гарнизонҳои Душанбе ва Хатлон дар фестивал-озмуни «Суруди сарбоз» байни ҳам бо барномаҳои рангини фароғатӣ ҳунарнамоӣ менамоянд.

Дар ҷараёни баргузории фистивали мазкур аён гардид, ки аксари сарбозон дар он омодагии ҳамаҷониба дидаанд. Беҳтарин хониши шеру суруд, саҳначаҳои ҳаҷвию тарбиявӣ ва дигар ҳунару истеъдодҳои баланд дар иҷрои онҳо мушоҳида мегардид.

Ҷараёни баргузории озмунро бошад, ҳайати ҳакамон, назорат намуда, ба маҳорату малакаи дастаҳои ҳунарӣ баҳогузорӣ менамуданд. Лозим ба ёдоварист, ки мақсад, аз ташкилу ба роҳ мондани ин гуна чорабиниҳо, ин бедор намудани ҳисси ватандустии насли созандаи ин марзу бум, эҳтиром гузоштан ба маҳорати ҷавонони соҳибҳунар ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳй тарбия намудани онҳо мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.