Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ ба санҷиши дурустии истифодаи забони тоҷикӣ дар ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон – «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр» ва ҳамчунин ширкати сайёҳии «Скай тур» оғоз мекунад.
Раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода зимни нишасти хабарӣ дар робита ба саволи журналистон оид ба ҷавобгӯ будани номи ширкатҳои ҳавопаймоии зикршуда ба меъёрҳои қонун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» зикр кард, ки алҳол Кумита ба ин масъала машғул нашуда, соли равон аз ҳисоби намояндагони Прокуратураи генералӣ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизиону радио ва мутахассисони Кумита ҷиҳати омӯзиши масъалаи аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ муайян кардани бренди худ бар асоси шартномаи байнулмилалӣ ё мустақилона номгузорӣ шудани ширкатҳо комиссия таъсис дода мешавад.
«Бо тавсияи Кумита як қатор кошонаҳои ҳусн ва нуқтаҳои хӯроки умуми пойтахт номҳои худро иваз карданд, аз ҷумла «Изумруд» – «Зумрат», «Хюрем» – «Хуррам», қахвахонаи «Kinto» – «Қутайси», тарабхонаи хӯроки гурҷии «Shisha» – «Шиша» ва «Питсерия вохӯрӣ» – «Ошхонаи вохӯрӣ» номгузорӣ шуданд», – иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи раиси Кумита, соли гузашта Кумита ба 231 ширкат тавсия дод, ки бинобар сабаби ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ набудани номҳояшон, онро иваз кунанд ва 56-тои онҳо аллакай ин тавсияро иҷро намудаанд.
«Соли 2014 барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» ва мутобиқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ,19 нафар шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ ҷаримабандӣ шуданд, ки маблағи умумии ҷаримаҳо 81 ҳазору 200 сомониро ташкил дод», – афзуд Гавҳар Шарофзода.



