Вохӯрии мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи Молдив

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва  Ассотсиатсияи футболи Молдив ҷиҳати баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ҳар ду кишвар тавофуқ карданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, вохӯрӣ рӯзи 26-уми моҳи март дар Молдив баргузор мешавад. Айни замон мунтахаби миллии Молдив дар раддабандии ФИФА дар зинаи 131-ум ва мунтахаби миллии Тоҷикистон бошад, дар зинаи 136-ум […]

ASIA-Plus



Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва  Ассотсиатсияи футболи Молдив ҷиҳати баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ҳар ду кишвар тавофуқ карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, вохӯрӣ рӯзи 26-уми моҳи март дар Молдив баргузор мешавад. Айни замон мунтахаби миллии Молдив дар раддабандии ФИФА дар зинаи 131-ум ва мунтахаби миллии Тоҷикистон бошад, дар зинаи 136-ум қарор доранд.

Гуфта мешавад, қаблан мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Молдив ду маротиба бо ҳам вохӯрданд. Бори аввал дар Бозиҳои Осиёӣ-1998 дар Таиланд. Дар ин бозӣ, ки 1-уми декабри соли 1998 дар Сулхамбурии Таиланд доир гардид, футболбозони тоҷик бо ҳисоби калони 3 бар 0 ғолиб шуданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Тоҳир Муминов, Зокир Бердиқулов ва Дмитрий Салтсман ба самар расониданд.

Бори дуюм бошад, мунтахабҳои милии Тоҷикистону Молдив, дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё – 2012 дар Мали бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. Ин бози санаи 25-уми марти соли 2011 доир гардида, мусовӣ ва бидуни гол анҷом шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.