Дар Брюссел хатарҳои амниятӣ дар ОМ баррасӣ шуданд

Дар шаҳри Брюссел рӯзи 28 январи соли равон бо мусоидати “EAST WEST Institute” ва “Hanns Seidel Foundation” мизи мудаввар дар мавзӯи “Хатарҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ” баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мизи мудаввар Намояндаи махсуси Котиби генералии СММ дар Осиёи Марказӣ, Директори Маркази минтақавиии СММ оид […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Брюссел рӯзи 28 январи соли равон бо мусоидати “EAST WEST Institute” ва “Hanns Seidel Foundation” мизи мудаввар дар мавзӯи “Хатарҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ” баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мизи мудаввар Намояндаи махсуси Котиби генералии СММ дар Осиёи Марказӣ, Директори Маркази минтақавиии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енча, Намояндаи махсуси Котиби генералии СААШ оид ба минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Ҷеймс Аппатурай, вакилони Парлумони Аврупо, намояндагони Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷиии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Брюссел ва дигар шахсони баландпоя иштирок ва маърӯза намуданд.

Гуфта мешавад, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустам Солиев зимни суханронии худ ба таваҷҷуҳи иштирокчиён оид ба вазъи феълии минтақа, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда маълумоти муфассал дода, зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро таъкид намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти муҳокимарониҳо иштирокчиён оид ба масъалаҳои сулҳ ва таҳдидҳои  амниятӣ ва роҳи ҳалли онҳо, ҳамчунин зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ибрози назар намуда, аҳамияти байналмилалӣ ва истифодаи таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро дар қазияи Афғонистон таъкид намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.