HRW дар бораи бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Ҳомиёни ҳуқуқи созмони Human Rights Watch (HRW) бар ин назаранд, ки вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2014 бад шудааст. Дар гузориши солонаи рӯзи 29-уми январ дар сомонаи расмии Human Rights Watch интишоршуда дар ин робита зикр мегардад, ки бад шудани вазъи ҳуқуқи башар дар ҷумҳурӣ дар партави идомаи фишор ба озодии баён […]

ASIA-Plus



Ҳомиёни ҳуқуқи созмони Human Rights Watch (HRW) бар ин назаранд, ки вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2014 бад шудааст.

Дар

гузориши солонаи

рӯзи 29-уми январ дар сомонаи расмии Human Rights Watch интишоршуда дар ин робита зикр мегардад, ки бад шудани вазъи ҳуқуқи башар дар ҷумҳурӣ дар партави идомаи фишор ба озодии баён аз ҷониби ҳукуматдорон, аз озодӣ маҳрум кардани пешвоёни мухолифон, фишор болои хабаргузории мустақил ва ҳабси олими ҷавон аз рӯи айбномахои сохташуда сурат гирифтааст.

Дар гузориш ҳабси адвокат Шуҳрат Қудратов таъкид мегардад, ки дар парвандаи Зайд Саидов аз манфиатҳои соҳибкор ва қаблан аз манфиатҳои шахсиятҳои маъруф ва хабаргузории мустақили «Азия-Плюс» ҳимоят мекард.

«Қарори суд нисбати хабаргузории «Азия-Плюс»  як зарбае ба озодии баён дар кишвар аст. Барои мақолаи муҳарир Олга Тутубалина «Ғайризиёиёна дар бораи зиёин» суд ҳафтавор ва муҳаррири онро ба нашри раддия ва пардохти ҷубронпулӣ ба даъвогарон дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ (тақрибан 6100 ҳазор $) барои паст задани «шаъну эътибор ва мартаби корӣ» уҳдадор кард», – омадааст дар гузориш.

Маълумоти муфассал дар бораи гузориши мазкурро аз

торнамои радиои Озодӣ

дарёфт карда метавонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.