Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону БҶ дар бахши кишоварзӣ

Рӯзи 29 январ дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзии ҶТ Қосим Роҳбар бо хонум Патрисиа Виверс-Картер, роҳбари намояндагии Бонки  Ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистну Бонки ҷаҳонӣ дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуда, вазир саҳми Бонки Ҷаҳониро дар рушди ҳамкориҳо дар […]

ASIA-Plus



Рӯзи 29 январ дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзии ҶТ Қосим Роҳбар бо хонум Патрисиа Виверс-Картер, роҳбари намояндагии Бонки  Ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистну Бонки ҷаҳонӣ дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуда, вазир саҳми Бонки Ҷаҳониро дар рушди ҳамкориҳо дар Тоҷикистон, ба хусус дар соҳаи кишоварзӣ мусбӣ арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ қайд шудааст, ки дар давоми 20-соли охир ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва БҶ  густариш ёфта, саҳми Бонки мазкур дар рушди истеҳсолот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ назаррас мебошад ва дар ин замина шурӯъ аз соли 2000 бо маблағгузории БҶ дар кишвар баҳри барқарорсозии дараҷаи истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳдошти  саломатӣ,  дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва бехатарии он, инчунин баланд бардоштани ҳуқуқи истифодабарандагони замин, диверсификатсияи соҳаи кишоварзӣ дар маҳалҳо ва такмил додани тиҷорати иқлимӣ корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд.

«Ҳамзамон Бонки Ҷаҳонӣ кӯмаку дастгирии худро, дар амалигардонии барномаҳои соҳаи кишоварзӣ,  рушду пешниҳоди дастурҳои методӣ, сармоягузории қарзӣ барои гузаронидани ислоҳот дар самтҳои мухталифи  соҳаи кишоварзӣ  ҳамкориҳои самарбахшро амалӣ намуд», – иброз доштааст Қосим Роҳбар.

Вазири кишоварзӣ  қайд намуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» вазорат баҳри расидан ба яке аз самтҳои стратегии қабул намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.