Озмуни Вазорати нақлиёт барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Русия

Вазорати наклиёти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар дар соҳаи нақлиёт дар зинаҳои бакалавр, мутахассис, магистратура ва аспирантура 21 ҷойи буҷавӣ ҷудо намуда, озмун эълон менамояд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти […]

ASIA-Plus



Вазорати наклиёти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар дар соҳаи нақлиёт дар зинаҳои бакалавр, мутахассис, магистратура ва аспирантура 21 ҷойи буҷавӣ ҷудо намуда, озмун эълон менамояд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, барои таҳсил дар Русия бо ихтисоси техника ва технологияи сохтмон (мутахассис) – 5 ҷой, техника ва технологияи нақлиёти рӯизаминӣ (бакалавриат) – 6 ҷой, техника ва технологияи нақлиёти рӯизаминӣ (мутахассис) – 6 ҷой, техника ва технологияи нақлиёти рӯизаминӣ (магистратура) – 2 ҷой ва техника ва технологияи нақлиёти рӯизаминӣ (аспирантура) – 2 ҷой ҷудо карда шудааст.

Гуфта мешавад, қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Русия то санаи 13-уми феврали соли 2015 идома меёбад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.