Сатҳи гирифторшавӣ ба саратон дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш буда, айни замон беш аз 10 ҳазор бемор таҳти назорати диспансерии табибон қарор доранд.
Ҳамон соату дақиқаҳои сабти навори мо барои Қурбонбӣ Раҳматова чун дарозии шоми рӯзадорон буд. Зеро писари 3,5-солаи ӯро, ки гирифтори бемории саратон аст, ҳоло ҷарроҳӣ мекарданд. Муҳаммадрасули хурдакак ҳанӯз шаҳду маънӣ ва ташвишу талошҳои зиндагӣ надида, бо ин беморӣ даст ба гиребон аст. Ҳамон тавре ки модари ӯ ба ояндаи писараш умед дорад, табибон низ ба сиҳат шудани Муҳаммадрасул некбинанд.
Ҳамзамон духтари наврас Фирӯза 9 моҳ боз дар шуъбаи саратоншиносии кӯдакона бо усули кимиёдармонӣ муолиҷа мешавад. Вай орзуи худро чунин иброз медорад: “Дар оянда дӯзанда шудан мехоҳам”.
Имрӯзҳо дар қатори Фирӯза гирифторони ин навъи беморӣ миёни кӯдакон кам нестанд, ки теъдодашон дар Тоҷикистон ба 2,3 аз 100 ҳазор нафар рост меояд.
Гузалия Раҳмонова, модаркалони Муҳсини хурдсол аз ҷараёни табобат чунин ёдовар шуд: “Пизишкон дар рӯдаи ғафси набераам саратонро ташхис карданд. Моҳи сентябр бемориаш маълум шуд. Аввал дар ноҳияи Ғарм ҷарроҳӣ карданд. Баъдан бо тавсияи духтурон моро ба шуъбаи саратоншиносии кӯдакона фиристоданд. Аз моҳи октябр набераам дар ин шуъба табобат мешавад”.
Аммо тибқи нишондодҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, аксари гирифторони ин навъи беморӣ аз синни 40-сола болоянд. Муовини сарвари ин марказ Саида Умарова мегӯяд, ки афроди мубталои бемории саратон дар байни занон назар ба мардон бештаранд. Ба қавли ӯ, гирифторшавии занон ба 42,2 аз 100 ҳазор рост меояд. Ҳамасола зиёда аз 360 зан бо саратони ғадуди ширӣ ва 250 нафар бо саратони бачадон ба қайд гирифта мешаванд. Дар айни ҳол гирифторшавии мардон 37-38 нафар ба 100 ҳазор аст.
Саида Умарова афзуд: “Гирифторшавӣ ба бемории саратон дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш буда, айни замон беш аз 10 ҳазор бемор таҳти назорати диспансерии табибон қарор доранд. Мутаассифона, мардум дер муроҷиат мекунанд. Агар мо дар марҳилаҳои аввал саратонро муайян созем, табобаташ осон аст ва натиҷаҳои хуб медиҳад. Масалан, метавонем бо як ҷарроҳӣ онро табобат кунем. Агар беморӣ дар марҳилаҳои дуюму сеюм ташхис шавад, табобати он ба таври мукаммал роҳандозӣ мешавад. Яъне дар ин ҳолат ҳам ҷарроҳӣ, ҳам нурдармонӣ ва ҳам кимиёдармонӣ бо доруҳои махсус лозим меояд, ки дар натиҷа ҳам аз бемор ва ҳам аз давлат маблағи зиёд сарф мешавад”.
Бино ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, дар соли 2013 теъдоди шахсоне, ки бори аввал бо бемории саратон ба қайд гирифта шудаанд, 3100 нафарро дар қаламрави кишвар ташкил додааст. Аммо дар соли 2014 ин шумора ҳудуди 4 ҳазорро убур кардааст.
Ба назари вазири тандурустӣ ва ҳизфи иҷтимоии аҳолии ҶТ Нусратулло Салимзода, ин нишондод чандон зиёд нест. Ӯ дар нишасти хабарии ахир гуфт, дастрасии табибони тоҷик ба таҷҳизоти соҳавии муосир боис шуд, ки ин беморӣ аллакай дар марҳилаҳои аввал муайян карда шавад.
Салимзода афзуд: “Имрӯзҳо дар мавриди афзоиши бемории саратон зиёд ҳарф мезананд. Ман фикр мекунам, ки дар ҳама давру замон чунин бемориҳо зиёд буданд. Фақат имрӯзҳо илми тиб дар марҳилаҳои аввал ин бемориро муайян мекунад. Фикр мекунам, ба ҳамин хотир шуморааш зиёд аст”.
Коршиносон сабабҳои зиёдшавии бемории саратонро ҳар гуна шарҳ медиҳанд. Вазъи демографию афзоиши шумораи аҳолӣ, масоили экологиву ғизоӣ ва ҳолати иҷтимоӣ омилҳои асосӣ маҳсуб шуда, сабаби дигар баландшавии маърифати тиббии мардум мебошад. Агар дар солҳои 2006-2008 ҳудуди 8 ҳазор нафар ба Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ муроҷиат карда бошад, танҳо дар соли 2014 ин теъдод ба 23 ҳазор нафар расидааст. Муроҷиати саривақтӣ худ як роҳи эҳтиёт аст, ки ба пешгирии инкишофи беморӣ ва муолиҷаи он мусоидат мекунад.



