Тоҷикони хизмат дар артиши Русияро ихтиёрнамуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озоданд

Тоҷикистониёне, ки тибқи қарордод дар артиши Русия хизмат мекунанду хизматашон ба истилоҳ дар «нуқтаҳои даргир» мегузарад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои иштирок дар мухолифатҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои дигар озод карда мешаванд. Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар тағйироту иловаи аз […]

Аваз Юлдошев



Тоҷикистониёне, ки тибқи қарордод дар артиши Русия хизмат мекунанду хизматашон ба истилоҳ дар «нуқтаҳои даргир» мегузарад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои иштирок дар мухолифатҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои дигар озод карда мешаванд.

Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии ҶТ, ки санаи 21-уми майи соли 2014 маъқул шуморида шуд, барои иштирок дар низоъ ва даргириҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои дигар ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

«Аммо ин танҳо ба шахсоне дахл дорад, ки ба сафи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ шомил мешаванд. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тибқи қарордод расман дар сафҳои Қувваҳоми Мусаллаҳи Русия адои хизмат мекунанду хизматашон ба истилоҳ дар «нуқтаҳои даргир» мегузарад, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ нашудааст», – иброз дошт ӯ.

Вакили парлумон ҳамчунин гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то анҷоми низоъи ҳарбӣ дар кишварҳои хориҷӣ, сафҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро тарк карда, бо иқрори гуноҳашон ба ватан бармегарданд, низ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январи соли 2015 президенти Русия Владимир Путин «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба муқаррарот оид ба тартиби гузаштани хизмати низомӣ» фармон ба имзо расонид, ки дар он тартиби адои хизмати шаҳрвандони хориҷӣ дар сафҳои артиши Русия тибқи қарордод саҳеҳу дақиқ зикр ёфтааст.

Шаҳрванди ҳама гуна давлат, ки забони русиро балад асту ба қонуншиканӣ даст назадааст, метавонад тибқи қарордод дар артиши Русия хизмат кунад. Дар ин санад ба таври ҷудогона зикр мегардад, ки ҳангоми ҷорӣ шудани ҳолати низомӣ, шаҳрвандони хориҷие, ки тибқи қарордод хизмат мекунанд, метавонанд ба ҷанг фиристода шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.