Идомаи поинравии қурби доллар дар Тоҷикистон

Дар чанд рӯзи гузаштаи ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА нисбатан паст шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ин давра қурби доллари ИМА ба ҳисоби миёна аз 5,6980-5,7100 то ба 5,6850-5,7050 сомонӣ барои 1 доллари ИМА поин рафт. Гуфта мешавад, санаи 5-уми феврал қурби миёнаи доллари […]

ASIA-Plus



Дар чанд рӯзи гузаштаи ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА нисбатан паст шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ин давра қурби доллари ИМА ба ҳисоби миёна аз 5,6980-5,7100 то ба 5,6850-5,7050 сомонӣ барои 1 доллари ИМА поин рафт.

Гуфта мешавад, санаи 5-уми феврал қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 5,6800-5,7000 сомонӣ, шахи Хуҷанд 5,6900-5,7100 сомонӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа 5,6800-5,7000 сомониро ташкил намуд.

«Ҳамчунин, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро дар ин рӯзҳо каме паст шуда, 0,0810-0,0830 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,3350-6,3970 сомонӣ ба як евро баробар шуд», – қайд мешавад дар маълумоти Бонки миллӣ.

Тибқи маълумоти БМТ, қурби расмии доллари ИМА тайи як ҳафта беш аз 0,3% – аз 5,3745 сомонӣ (30 январ) то ба 5,3902 сомонӣ (6 феврал) боло рафтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.