Ҳудуди 15%-и кӯдакони то 5-солаи Тоҷикистон аз норасоии ғизо азият мекашанд

– Фоизи назарраси кӯдакон дар Тоҷикистон аз норасоии маводи ғизойӣ азият кашида, сатҳи фарогирии барномаи рушд дар синни томактабӣ хеле паст аст, – зикр мегардад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Рушди малакаҳо барои тавсеъаи имконоти таъмини шуғл дар Тоҷикистон». Дар гузориш қайд мешавад, ки ҳудуди 15%-и кӯдакони синни то 5-солаи Тоҷикистон аз норасоии […]

Пайрав Чоршанбиев



– Фоизи назарраси кӯдакон дар Тоҷикистон аз норасоии маводи ғизойӣ азият кашида, сатҳи фарогирии барномаи рушд дар синни томактабӣ хеле паст аст, – зикр мегардад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Рушди малакаҳо барои тавсеъаи имконоти таъмини шуғл дар Тоҷикистон».

Дар гузориш қайд мешавад, ки ҳудуди 15%-и кӯдакони синни то 5-солаи Тоҷикистон аз норасоии ғизо азият мекашанд. «Қафомонии миёна ва назаррас аз қадкашӣ, ки ба он 39%-и кӯдакони синни то 5-сола дучоранд, ба як падидаи маъмуливу роиҷ табдил шудааст», – таъкид мегардад дар гузориш.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки ҳамагӣ камтар аз 1%-и кӯдакони синни то 3-сола ва ҳудуди 6%-и кӯдакони синни 3-5-сола айни замон дар Тоҷикистон ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки сабаби он аксаран ба норасоии муассисаҳои томактабӣ дар кишвар, бахусус дар деҳот маънидод мешавад. «Ин нишондиҳанда аз сатҳи фарогир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври қобили мулоҳиза пасттар мебошад», – хулоса мекунанд таҳлилгарони бонк.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки ҳарчанд нишондиҳандаи фарогирӣ ба таълимот дар макотиби миёна ва олӣ дар Тоҷикистон баланд бошад ҳам, низоми маорифи ҷумҳурӣ рушди комили малакаҳои арзишманд дар бозорро таъмин намекунад. Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ робита доштани ин мушкилот ба сифати таълимот ва интихоб дар низоми маорифи кишварро аз эҳтимол дур намедонанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.