Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи охирини даъвати кунунии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои масъалаҳои марбут ба ворид намудани тағийроту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ шуданд.
«Бо пешниҳоди ҳукумат аъзои Шӯро тағйирот ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро баррасӣ намуданд, ки мутобиқи он минбаъд санаи 14-уми октябр ҳамчун Рӯзи соҳибкорон (бидуни рӯзи истироҳат) дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад», – иброз дошт Султонов.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамчунин атрофи масъалаҳои вобаста ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳавоии Тоҷикистон ибрози андеша ва табодули назар сурат гирифт.



