Сӯхтор дар Суди олӣ чӣ гуна сурат гирифт

Сӯхторе, ки шоми рӯзи ҷумъа дар бинои Суди олӣ ба амал омад, чандон назаррасу хатарнок набуд. Тавре аз Суди олии ҶТ хабар доданд, оташнишонон сӯхторро базудӣ хомӯш карда, нагузоштанд, ки ба биноҳои дигар гузарад. Сӯхтор дар камбинети судяи ноҳияи Фирдавсӣ сар зада, касе осеб надидааст. Танҳо як қисмате аз мебели кабинет сӯхтааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, […]

Меҳрангез Турсунзода



Сӯхторе, ки шоми рӯзи ҷумъа дар бинои Суди олӣ ба амал омад, чандон назаррасу хатарнок набуд.

Тавре аз Суди олии ҶТ хабар доданд, оташнишонон сӯхторро базудӣ хомӯш карда, нагузоштанд, ки ба биноҳои дигар гузарад. Сӯхтор дар камбинети судяи ноҳияи Фирдавсӣ сар зада, касе осеб надидааст. Танҳо як қисмате аз мебели кабинет сӯхтааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор шояд бинобар сабаби истифодаи нодурусти ноқили барқӣ ба амал омадааст.

Қобили зикр аст, ки нимаи дуюми рӯзи 13 феврал аз тирезаҳои ошёнаи чоруми бинои Суди олӣ фаввораҳои дуд намудор буданд. Соати 17-и рӯз се дастаи оташнишонӣ дар маҳалли ҳодиса машғули кор буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.