Ривоҷи ҳарчи бештари ришваситонӣ дар Тоҷикистон

Моҳи январи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 2,2 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5% зиёдтар аст. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз ҷумла моҳи гузашта 510 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли 2014 ба андозаи 1% бештар […]

ASIA-Plus



Моҳи январи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 2,2 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5% зиёдтар аст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз ҷумла моҳи гузашта 510 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли 2014 ба андозаи 1% бештар мебошад.

Гуфта мешавад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабти ҷиноятҳои марбут ба порагирӣ – 4,3%, куштор ва суиқасд ба он – 30%, дуздӣ – 1,7 баробар, аз ҷумла дуздӣ дар манзилҳо – 1,8 маротиба афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, моҳи январи соли ҷорӣ 264 ҷинояти иқтисодӣ (14,3% афзоиш нисбат ба моҳи январи соли 2014) ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 111 ҷиноят ошкор ва аз рӯи далели содир шудани 90 ҷиноят парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд. Ин навъи ҷиноятҳо аз ришваситонӣ (порагирӣ), азхудкунӣ ба миқдори зиёд ва ниҳоят зиёд, дуздӣ ва ғайра иборатанд.

Зимнан зикр мегардад, ки моҳи январи соли ҷорӣ 37 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ба марг ва ҷароҳатҳои вазнин бардоштани ҷабрдидагон (афзоиш нисбати соли гузашта 1,9 баробар) боис гардидааст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо дар моҳи аввали соли равон 58,2% (моҳи январи соли 2014 – 56,2%)-ро ташкил додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.