Суғд: Нисбати 13 узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ҳукм содир шуд

Дар вилояти Суғд нисбати 13 нафар аъзои гурӯҳи фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ҳукм содир шуд. Аз суди шаҳри Хуҷанд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чанде қабл дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳр мурофиа оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати 13 нафари зикршуда ба гумони узвият дар ин гурӯҳ […]

Мавлуда Рофиева



Дар вилояти Суғд нисбати 13 нафар аъзои гурӯҳи фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ҳукм содир шуд.

Аз суди шаҳри Хуҷанд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чанде қабл дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳр мурофиа оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати 13 нафари зикршуда ба гумони узвият дар ин гурӯҳ ба итмом расид.

Ба иттилои манбаъ, маҳкумшудагон 12 нафар сокинони бекори синнусоли аз 26 то 42-солаи шаҳри Конибодом ва як сокини шаҳри Истаравшан буда, ҳамаи онҳо аз ҷониби кормандони Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккилонаи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд моҳи ноябри соли 2014 боздошт шуда буданд.

Зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2; 307, дараҷ. 2, қ. 2 ва 307, дараҷ. 3, қ. 2 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

«Ду тан аз роҳбарони гурӯҳро суд ба 12 сол ва 11 нафари боқимондаро ба аз 9 то 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2012 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар қаламрави кишварро мамнӯъ эълон намуд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.