Суғд: Синни қариб нисфи номзадҳо ба вакилӣ аз 50-сола болотар аст

Тибқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз ҷониби комиссияҳои 70 ҳавзаи вилоятии интихобот бақайдгирии номзадҳои пешбаригардида ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум аз санаи 25 январи соли 2015 то санаи 9 феврали соли 2015 сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси […]



Тибқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз ҷониби комиссияҳои 70 ҳавзаи вилоятии интихобот бақайдгирии номзадҳои пешбаригардида ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум аз санаи 25 январи соли 2015 то санаи 9 феврали соли 2015 сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар маҷмўъ, 182 нафар номзади пешбаригардида аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум ба қайд гирифта шуданд, ки 62 нафари онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумӣ 85 нафар номзаде, ки бо тариқи худпешбарӣ номзади худро гузошта буданд, ба қайди номзад ба вакилӣ гирифта шуда, 97 нафари номзадҳои (тавассути пленум ва конфронсҳо) бақайдгирифташударо номзади 7 ҳизбҳои сиёсии дар қаламрави вилоят фаъолият дошта ташкил медиҳад. Ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд танҳо як ҳизби сиёсӣ – Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон номзадҳои худро пешбарӣ накардааст.

Аз шумораи умумии номзадҳои бақайдгирифташуда 159 нафарро тоҷикон ва 23 нафарро ўзбекон ташкил медиҳанд, аз рўи маълумот 168 нафар дорои маълумоти олӣ, 1 нафар олии нопурра, 5 нафар миёна ва 8 нафар миёнаи махсус, аз рўи синну сол то 35 сола-11 нафар, 35-40-сола – 19 нафар, 41-50-сола- 64 нафар, 51-60-сола – 80 нафар ва аз 60-сола боло – 8 нафар, аз рўи ихтисос бошад, 33 нафарро иқтисодчиён, 30 нафарро муҳандисон, 17 нафарро кишоварзон, 4 нафарро ҳуқуқшиносон, 58 нафарро омўзгорон, 16 нафарро табибон ва 24 нафарро номзадҳои дорои ихтисосҳои гуногун ташкил медиҳад.

Алҳол аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавии вилоятии интихобот ба ҳамаи номзадҳои бақайдгирифташуда ботантана шаҳодатномаҳои номзадӣ ба вакилӣ супорида шуда, корҳои ташвиқотию тарғиботии номзадҳо ба вакилӣ ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳо ҷараён дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.