Як силсила вохӯриҳои вазири корҳои дохилӣ бо аҳолии минтақаҳо

Бо мақсади иҷрои дастурҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи санаи 17 феврали Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ садо доданд, вазири корҳои дохилии кишвар генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимзода бо аҳолии минтақаҳо як қатор вохӯриҳо анҷом медиҳад. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда, вазири корҳои дохилӣ бо аҳолии вилояти Суғд – 24 март, 13 июн, 12 сентябр ва 21 ноябр; […]

Аваз Юлдошев



Бо мақсади иҷрои дастурҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи санаи 17 феврали Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ садо доданд, вазири корҳои дохилии кишвар генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимзода бо аҳолии минтақаҳо як қатор вохӯриҳо анҷом медиҳад.

Тибқи ҷадвали тасдиқшуда, вазири корҳои дохилӣ бо аҳолии вилояти Суғд – 24 март, 13 июн, 12 сентябр ва 21 ноябр; аҳолии вилояти Хатлон – 4 апрел, 20 июн, 26 сентябр ва 28 ноябр; аҳолии ВМКБ – 25 апрел, 18 июл, 24 октябр ва 19 декабр ва сокинони гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт – 18 апрел, 4 июл, 10 октябр ва 12 декабр вохӯриҳо баргузор мекунад. Вохӯриҳо аз соати 9 то 12-и рӯз дар биноҳои Раёсати маҳаллии корҳои дохилӣ барпо мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи ахири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазири корҳои дохилӣ супориш дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мардум бевосита мулоқотҳо доир намояд, то ки арзу доди онҳоро, аз ҷумла доир ба қонуншиканиҳои худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шунида, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намояд. Таъкид гардид, ки «барои ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун бояд бо мардум дар алоқаи доимию бевосита бошед».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.