Шикояти номзади ҲНИТ-ро КМИР ба Шабакаи аввал ирсол намуд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар робита ба аризаи Саидиброҳими Назар, номзад ба вакилии МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб № 37 оиди қайчӣ кардани барномааш дар Шабакаи аввал ба унвони Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР аризаи шикоятӣ намуда буд, ки ин ниҳод дар ҷавоб гуфтааст: «оиди ин масъала мактуби расмӣ ба ТВТ ирсол […]

ASIA-Plus



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар робита ба аризаи Саидиброҳими Назар, номзад ба вакилии МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб № 37 оиди қайчӣ кардани барномааш дар Шабакаи аввал ба унвони Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР аризаи шикоятӣ намуда буд, ки ин ниҳод дар ҷавоб гуфтааст: «оиди ин масъала мактуби расмӣ ба ТВТ ирсол карда шуд».

Ёдрас мекунем, ки узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ Саидиброҳими Назар, номзад ба вакилии МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб рақами 37 оид ба қайчӣ кардани барномааш дар Шабакаи аввал ба унвони Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кард.

Саидиброҳими Назар дар ариза зикр карда буд, ки рӯзи 16 феврал ӯ тариқи Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон суҳбати 20 дақиқаи худро анҷом дода, аммо,  телевизион шоми ҳамон рӯз суҳбаташро ба муддати 14,5 дақиқа пахш ва миқдори 5,5 дақиқаи онро бе ризояти ӯ буридааст.

Дар ариза аз раиси КМИР хоҳиш шуда буд, ки сабаби кам кардани вақти кунунии барои номзадҳо ҷудошуда муайян ва вақти истифоданакардаи ӯ тибқи қонун ҷудо карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.