Барои 69 мандати вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон намояндагони 5 ҳизби сиёсии кишвар рақобат мекунанд.
Чуноне аз комисияи интихоботии маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, 5 ҳизби сиёсии кишвар номзадҳои хешро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешбарӣ намудаанд.
«Аз ҷумла, аз ҲХДТ – 110 нафар номзад (ин 41 нафараш ба таври худпешбарӣ), ҲНИТ – 13 номзад, ҲАТ – 9 номзад, ҲИИТ – 7 номзад ва ҲКТ – 4 номзад мебошанд ва ғайр аз ин, 11 нафар ғайриҳизбӣ», – гуфт манбаъ.
Бояд гуфт, ки аз 8 ҳизби сисёсии кишвар 3 ҳизб ҲДТ, ҲСДТ ва ҲСТ номзадҳои худро ба маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод накардаанд.
Ба итилои манбаъ, аз шумори умумии номзадои сабтшуда 29 нафарашонро занҳо ва 125 нафарашонро мардҳо ташкил дода, 23 нафар раисони шаҳру ноҳияҳо, раиси вилоят ва чор нафар муовинони раиси вилоят мебошанд.



