Кормандони милиса 3 духтари гумшударо ҷустуҷӯ доранд



Санаи 21 феврал ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Дилшодҷон Муллоеви 23-сола, истиқоматкунандаи маҳаллаи 3, муроҷиат намудааст, ки шоми рӯзи 18 феврал хоҳараш Дилфуза Муллоеваи 20-сола аз хона баромада, то ҳол барнагаштааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ,инчунин ба ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа сокини маҳаллӣ Гавҳар Акрамоваи 44-сола муроҷиат карда, изҳор намудааст, ки санаи 20 феврал духтараш Насиба Акрамоваи 19-сола аз хона баромада, бедарак шудааст.

Гуфта мешавад, ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан низ сокини маҳаллӣ Абдуқаҳҳор Ҷабборови 63-сола муроҷиат намудааст, ки санаи 19 феврал набераи ноболиғаш Ганҷинаи Икромзоди 17-сола аз хона баромада то ҳол барнагаштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки барои пайдо намудани шахсони бедаракшуда аз ҷониби кормандони милитсия чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное