Хоруғро имрӯз аз асорати барф раҳо мекунанд

Вазорату идораҳои дахлдори кишвар ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт ва робита бо маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ ҳамаҷониба тадбир меандешанд. Бино ба маълумоти як манбаъ аз Кумитаи ҳоллатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, айни замон дар макони фаромадани тармаҳо, ки ба ҳаракати нақлиёт дар самтҳои Душанбе – Хоруғ, Хоруғ – Мурғоб ва Хоруғ […]

Аваз Юлдошев



Вазорату идораҳои дахлдори кишвар ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт ва робита бо маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ ҳамаҷониба тадбир меандешанд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз Кумитаи ҳоллатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, айни замон дар макони фаромадани тармаҳо, ки ба ҳаракати нақлиёт дар самтҳои Душанбе – Хоруғ, Хоруғ – Мурғоб ва Хоруғ – Ишкошим монеъа эҷод карданд, техника ва кормандони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ машғули коранд.

«Кормандони КҲФ ва МГшахсонеро, ки дар макони имконпазири тармафароӣ қарор доранд, ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан итминон дода шуд, ки давоми рӯз роҳсозон ва наҷотдиҳандагон ҳаракати нақлиёт ба самти Хоруғро таъмин мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.