Оғози фаъолияти соҳибкорони аз сӯхтор дар бозори «Панҷшанбе» осебдида

Марказҳои савдои «Тоҷир», «Баҳор» ва «Сино», ки бар асари сӯхтор дар таърихи 15-уми ноябри соли 2014 ба коми оташ рафта буданд, пас аз таҷдид дубора ба истифода дода шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, рӯзи 23 феврал раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади иштирок дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани марказҳои савдо […]

ASIA-Plus



Марказҳои савдои «Тоҷир», «Баҳор» ва «Сино», ки бар асари сӯхтор дар таърихи 15-уми ноябри соли 2014 ба коми оташ рафта буданд, пас аз таҷдид дубора ба истифода дода шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, рӯзи 23 феврал раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади иштирок дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани марказҳои савдо ба ин макон ташриф оварда, бо сифати корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос гардид.

Тавре таъкид гардид, ҳамаи 3 маркази савдо бо тарҳи наву замонавӣ бунёд гардида, соҳибкорон имкон пайдо намуданд, ки дар дӯконҳои замонавӣ ба кори худ оғоз бахшанд. Зимни боздид Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо мақсади дастгирии соҳибкороне, ки аз сӯхтор зарар дида буданд, онҳо давоми як сол аз пардохти иҷорапулӣ озод ҳастанд.

Дар навбати худ соҳибкорон барои таваҷҷӯҳу дастгириҳо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, таъкид намуданд, ки пас аз ин дастгириҳо дубора дар ҷойҳои қаблии худ ба кор идома мебахшанд.

Хотиррасон бояд кард, ки шаби 15-ум ба 16-уми ноябр дар марказҳои савдои  «Тоҷир», «Баҳор» ва «Сино» сӯхтор ба амал омада буд ва санаи 26 ноябр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо соҳибкороне, ки дар натиҷаи сӯхтор зарар дида буданд, мулоқот намуд. Дар мулоқот таъкид гардида буд, ки соҳибкороне, ки дар рӯйхати Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ҳамчун зарардида ба қайд гирифта шудаанд, аз супоридани фоизи қарзи бонкҳо озод карда шуда, мӯҳлати пардохти қарзҳои асосӣ то ба 1 сол тамдид карда мешавад. Он замон гуфта шуд, ки дар маҳалле, ки сӯхтор ба вуҷуд омадааст, марказҳои тиҷоратии нав бунёд карда мешавад. Инак марказҳои савдо дубора фаъол ва соҳибкорон низ соҳиби ҷойҳои корӣ гардиданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.